Second Meeting of Tajik-Swiss Intergovernmental Commision

31 августи соли 2016 дар шаҳри Берни Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 2-ми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Назризода ва Сардори Раёсати ҳамкориҳои дуҷонибаи Департаменти федералии иқтисодии Швейтсария, Сафир Ливия Лой ҳамраисӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҳайатҳо ҳолати иқтисодӣ ва дурнамои рушди он, сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, ҳамкорӣ баҳри рушд ва бахши хусусӣ, инчунин ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ (СУС) ва институтҳои умумиҷаҳонии молиявиро баррасӣ намуда, оид ба ҳар як банди рӯзномаи ҷаласа мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо Протокол ба имзо расонида шуд.