Ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария

18 сентябри соли 2015 ҷаласаи шашуми Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар пойтахти Швейтсария, шаҳри Берн баргузор гардид. Ҳайати расмии Тоҷикистонро Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ. Ҳомидов, Сардори Раёсати Сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - М. Ашуриён ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон - З. Ализода муаррифӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳарду кишварҳоро муҳокима карда, оид ба  масъалаҳои ҳукми қатл, гендерӣ, муҳоҷират ва пешгирии шиканҷа мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин, пас аз анҷоми ҷаласаи асосӣ барои ҳайати Тоҷикистон боздид аз яке аз ҳабсхонаҳои Швейтсария ҷиҳати шиносоӣ бо шароитҳои нигоҳ доштани маҳбусон ташкил карда шудааст.

Баргузории ҷаласаи навбатии Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Тоҷикистон ва Швейтсария дар соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.