Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария

18 сентябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Ҷ.Ҳомидов бо Сардори Раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Департаменти Федералии корҳои хориҷии Конфедератсияи Швейтсария, ҷ-би Николас Брюл баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ карда, оид ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Қайд гардид, ки сарфи назар аз сатҳи хуби ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария, иқтидори васеъкунии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳоҷират, иқтисод, маориф ва фарҳанг ва ғ. вуҷуд дорад.