Баромад дар Кумитаи оид ба стандартхо ва иктидор дар савдо

31 август – 2 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи оид ба стандартҳо ва иқтидор дар савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (ЕЭК ООН) баргузор гардид.

Дар ҷаласа рафти иҷрои тавсияҳо аз Баҳодиҳии эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Беларус дар соҳаи савдо муҳокима гардиданд.

Намояндаи доими дар баромади худ иштирокчиёнро доир ба иҷроиш ва натиҷаҳои Баҳодиҳии эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдо огох намуд.

Аз созмонҳои донорӣ, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, ҷиҳати расондани кӯмак дар татбиқи амалии тавсияҳои Баҳодиҳии эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдо, даъват ба амал оварда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки тавсияхо барои рохандозии ислоҳотҳо дар иқтисоди миллӣ мусоидат хоханд кард. Интизор меравад, ки дар сурати амали гардидани он тавсияҳо фазои мусоид барои соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хоричи ташаккул меёбад.