Иштирок дар брифинги Дафтари хамохангсозии кумаки башардустона

15 июли 2015 Намояндаи доими Ч.Хомидов дар брифинги Раесати СММ оид ба хамохангсозии кумакхои гуманитари дар Женева, ки ба омодагии Саммити умумичахонии гуманитари бахшида шуда буд, иштирок намуд.

Намояндаи доими дар рафти нишаст хозиринро бо раванди омодаги ба Ичлоси машваратии кишвархои Осиеи Маркази ва Чануби, ки аз 28 то 30 июли 2015 дар шахри Душанбе баргузор мешавад, огох намуд. Намояндаи доими аз масъалахое, ки зимни он нишаст мавриди арзеби мешаванд, едовар шуда, ин чорабиниро дар омодаги ба Саммит мухим арзеби кард. Интизор меравад, ки дар рафти он нишаст пешниходу тавсияхои мушаххас барои пешниход дар Саммити соли оянда тахия мешаванд.

Карор аст, ки мохи сентябр дар Женева брифинги иловаги бо иштироки Намояндаи доими баргузор шавад ва зимни он намояндагони кишвархои узви СММ бо натичахои он Нишасти машварати ошно шаванд.