Иштирок дар ичлоси 29-уми Шурои хукуки инсон

Иштирок дар Ичлоси 29-уми Шурои хукуки инсон.

 

Ичлоси 29-уми Шурои хукуки инсон аз 15 июн то 3 июли 2015 доир гашт.

Намояндагии доими дар мубохисахо иштирок намуда, Шуроро оид ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон чихати мубориза алайхи хариду фурӯши одамон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила огох намуд. Хамчунин, Шуро аз икдомхои Хукумати кишвар чихати мусоидат ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти шинос гардид.

Намояндаги аз номи давлатҳои аъзои Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи изҳороти муштаракро таҳти унвони "Дар бораи таъмини амнияти рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳаи ВАО дар низоъҳои мусаллахона" ироа намуд.

Илова бар ин, Намояндаги изҳороти муштараки «Гурӯҳи дӯстон дар масоили мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон»-ро ва дастгирии қатъномаи A/HRC/29/L.25-ро тахти унвони «Ҳифзи оила: саҳми оила дар татбиқи ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, нақши он дар бартарафсозии камбизоатӣ ва ноил шудан ба рушди устувор» дастгири намуд.

Намояндаги зимни баррассии вазъи хукуи инсон дар Чумхурии Беларус аз мавқеи он кишвар чонибдори кард.

Намояндагии доими дар арзебии кабули хисоботхои даврии универсалии Ҷумҳурии Киргизистон, Арманистон, Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Туркия иштирок намуда, онхоро кобили кабул шумурд.