Мулокот бо Ги Меттан, Президенти Палатаи савдою саноатии Швейтсария ва ИДМ

15 июни 2015 Сафир Чамшед Хомидов бо Ги Меттан, Президенти Палатаи савдою саноатии Швейтсария ва Иттиходи Давлатхои Мустакил мулокот доир намуд.

Дар рафти мулокот мусохиб аз имкониятхои иктисодии кишвар ва лоихахои сармоягузори ошно гардид. Аз чониби мо дар масъалаи чоннок кардани хамкории иктисоди миени Точикистону Швейтсария тамаркуз карда шуд. Бо ин максад, пешниход шуд, ки хайати ниходи зикршуда ба кишвари мо сафар намуда, бевосита худ аз имкониятхои чо дошта огох шавад.

Дар натича, Президенти Палатаи савдою саноатии Швейтсария изхори омодаги намуд, то худ ва чанд нафар сохибкори дигар мохи октябр ба Точикистон ташриф оваранд. Интизор меравад, ки дар рафти сафар ба Точикистон хайат бо масъулини вазорату идорахои марбутаи кишвар ва сохибкорони ватани мулокотхо намуда, аз корхонахои саноати дидан мекунад.