Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон

 

Сафорати Чумхурии Точикистон дар Конфедератсия Швейтсария бо арзи эхтиром ба маълумоти шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар Швейтсария карор доранд, мерасонад, ки тибки талаботи Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон» интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор мегардад.

Дар асоси карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон дар шахри Женева, бинои Сафорати Чумхурии Точикистон дар Конфедератсия Швейтсария вокеъ дар: Chemin William Barbey 37, 1292 Chambesy участкаи интихоботӣ кушода хохад шуд.

Дар ин участкаи интихоботи маросими овоздихи аз соати 6.00 то 20.00 вакти махалли баргузор мегардад. Дар ин фосилаи вакти муаяйншуда шахрвандони Чумхурии Точикистонро, ки бо таври доими, ё муваккати дар худуди Швейтсария карор доранд, лозим аст ба участкаи интихоботи хозир шуда, райъ диханд. Хангоми омадан ба участкаи интихоботи бо худ доштани шиносномаи хоричии шахрванди Чумхурии Тоиикистон хатмист.

Сафорати Чумхурии Точикистон аз хамаи шахрвандони кишвар эхтиромона хохиш менамояд, ки дар ин чорабинии мухим фаъолона иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар интихобот 6 номзад ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон пешниход шудаанд:

аз Хизби Халкии Демократии Точикистон Эмомалӣ Рахмон;

аз Хизби аграрии Точикистон Бухориев Толибек Ахмадович;

аз Хизби ислохоти иктисодии Точикистон Бобоев Олимчон;

аз Хизби сотсиалистии Точикистон Ғаффоров Абдухалим;

аз Хизби Демократи Точикистон Исмонов Cаидчаъфар Исмонович;

аз Хизби Коммунистии Точикистон Талбаков Исмоил Иброимович.

 

Бо барномахои пешазинтихоботии номзадхо ба мансаби Президенти Чумхурии Точикистон метавонед дар сомонаи расмии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон тахти ин нишона ошно шавед: http://tj.kmir.tj/pages/48