Meeting at the UNHCR

Имрӯз дар бинои Коммисариати Олии СММ дар умури паноҳандагон дар ш.Женева вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов бо Директори Дафтари Осиёи ҳамин ниҳод ҷаноби Индрика Ратватте, баргузор гардид.

Зимни вохӯри ҷонибҳои масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон тарафҳо аз сатҳу сифати ҳамкориҳо изҳори хӯшҳолӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани онҳо омодагии худро таъкид намуданд.