Presentation of tourism opportunities

11 декабри соли 2017 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва инчунин таблиғу ташвиқи симои мусбати Тоҷикистон дар кишвари иқомат чорабинии иттилоотӣ дар ш. Женева баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки Сафорат дучархарони машҳури Швейтсария, Клод Марталерро, ки чанд маротиба ба Тоҷикистон ба воситаи велосипед сафар карда буд, ба чорабинии зикршуда ҷалб намудаст. Клод Марталер як филми мустанадро аз сафари хеш ба Тоҷикистон пешкаши ҳозирин намуд.

Ҳамзамон кормандони Сафорат имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва сиёсати рушди туризмро ба иштирокдорон муаррифӣ карда, маводи таблиғотӣ-маълумотиро, аз қабили брошюраҳо, ба онҳо тақдим намуданд.

 

 

11 декабря 2017 года Посольством Республики Таджикистан в Швейцарской Конфедерации с целью привлечения иностранных туристов, а также представления Таджикистана в стране пребывания была организована презентация туристических возможностей страны.

Для участия  в презентации был приглашён известный в Швейцарии велосипедист - Клод Марталер, который несколько раз посетил Таджикистан на велосипеде. К. Марталер представил зрителям документальный фильм об одном из своих путешествий в Таджикистан.

В ходе мероприятия сотрудники Посольства рассказали о туристических возможностях и о политике развития туризма в стране, а также распространили информационный материал - брошюры о Таджикистане.

 

 

On 11 December 2017 in Geneva the Embassy of the Republic of Tajikistan in the Swiss Confederation has organized a presentation of tourism opportunities of Tajikistan in the host country.

The event was attended by a famous cyclist in Switzerland - Mr. Claude Marthaler, who several times made a trip to Tajikistan on a bicycle. Mr. Marthaler has presented the audience a documentary about his trip to Tajikistan.

During the event, the representatives of the Embassy provided the information about tourism opportunities and the policy of tourism development in the country, and also distributed the information material - brochures about Tajikistan.