Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 06:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳаммият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Яъне Парчами давлатӣ самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он буда, ҷашни имсолаи он бо 25-умин солгарди баргузории иҷ-лосияи тақдирсози миллат, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш ботантана таҷлил гардид, баробар омад.

Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!