Meeting with Executive Secretary of ESCAP

17 октябри соли 2017 вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷ.Ҳомидов бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Шамшод Ахтар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргузории Форуми иқтисодии СПЕКА 2017 ва 12-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони СПЕКА (5-6 декабри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе) муҳокима гардида, ба мавзӯҳои энергетика, савдо ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ диққати махсус зоҳир карда шудааст.

Котиби иҷроияи ЭСКАТО Шамшод Ахтар ба кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба густариши инфрасохтори энергетикӣ, тавассути татбиқи лоиҳаҳои пайвастшавӣ ба монанди CASA-1000, ки ба афзоиши дастрасӣ ба нерӯи эътимоднок, устувор ва муосир дар минтақа мусоидат мекунад, баҳои баланд дод.

 

17 октября 2017 года состоялась встреча Постоянного Представителя Республики Таджикистан при Отделении ООН и других международных организациях в Женеве Дж. Хамидова с  Исполнительным Секретарем Экономической и Cоциальной Комиссии ООН для Азии и Тихого океана,  Шамшад Ахтар.

В ходе встречи были обсуждены вопросы проведения Экономического Форума СПЕКА 2017 и 12-я сессия Совета руководителей СПЕКА (5-6 декабря текущего года в г. Душанбе), также было уделено  особое внимание вопросам энергетики, торговли, развития регионального сотрудничества и интеграции.

Исполнительный секретарь ЭСКАТО Шамшад Ахтар дала высокую оценку усилиям Правительства Республики Таджикистан по расширению его энергетической инфраструктуры, путем реализации таких проектов подключения, как CASA-1000, что способствует расширению доступа к недорогой, надежной, устойчивой и современной энергии в регионе.

 

On 17 October 2017 the Permanent Representative of the Republic of Tajikistan to the UN Office and other international organizations in Geneva Mr. Jamshed Khamidov has met with the Executive Secretary of the Economic and Social Commission for Asia and the Pacific Shamshad Akhtar.

During the meeting the sides have discussed the preparation of the 2017 SPECA Economic Forum and the 12th session of the SPECA Governing Council, scheduled on 5-6 December 2017 in Dushanbe, and special attention was given to the issues of energy, trade and development of regional cooperation and integration.

The Executive Secretary of ESCAP Shamshad Akhtar commended the efforts of the Government of the Republic of Tajikistan to expand its energy infrastructure, by implementing such projects as CASA-1000, which leads to the expansion of access to affordable, reliable, sustainable and modern energy in the region.