Celebration of the Independence Day

12 сентябри соли ҷорӣ дар ш. Женева бахшида ба 26-ум солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон зиёфати расмӣ бо иштироки намояндагони баландпояи Конфедератсияи Швейтсария, кантони Женева, Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ муқим дар Женева баргузор гардидаст. Дар зиёфат ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия, Рустам Шоҳмурод ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ ҳузур доштанд.

Чорабиниро Сафир, Ҷ. Ҳомидов ифтитоҳ намуда,  ҳангоми баромади хеш оид ба дастовардҳои давлат дар тули 26 соли истиқлолият таҳти раҳнамоиву роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, ки ин аз ваҳдату ягонагии мардуми диёр ва истиқлолияти воқеӣ доштани он шаҳодат медиҳад, суханронӣ намуд.

Ба ҳозирон навори мустанад дар бораи Тоҷикистони истиқлол, табиати нотакрор ва бойгарии табии он, инчунин мусиқӣ, таомҳо ва ҳунарҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки маъракаи фарҳангию сиёсӣ дар сатҳи баланд барпо гардидаст.

 

12 сентября 2017 года в г. Женева по случаю 26-й годовщины независимости Таджикистана состоялся официальный приём с участием высокопоставленных представителей Швейцарской Конфедерации, кантона Женевы, Организации Объединенных Наций и других международных организаций. В мероприятии также приняли участие официальная делегация Таджикистана под руководством Министра юстиции Рустама Шохмурода и представители таджикской диаспоры, проживающей в Швейцарии и соседней Франции.

Мероприятие открыл Посол Республики Таджикистан в Швейцарии, Дж. Хамидов. В своём выступлении Посол рассказал о достижениях страны за 26 лет независимости под руководством  Основателя мира и  национального единства- Лидера Нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона, на пути созидания и развития, о чем и свидетельствует единство и реальная независимость страны.

Присутствующим был представлен документальный фильм о независимом Таджикистане, его уникальной природе и природных богатсвах, а также произведения национального искусства, музыки, ремесла и таджикской кухни.

Следует отметить, что культурно-политическое мероприятие  прошло на высоком уровне.

 

On 12 September 2017, on the occasion of the 26th anniversary of the State Independence of the Republic of Tajikistance, an official reception with the participation of high-ranking representatives of the Swiss Confederation, the Geneva canton, the United Nations and other international organizations was held in Geneva. The official delegation of Tajikistan headed by the Minister of Justice Mr. Rustam Shohmurod as well as the representatives of Tajik diaspora living in Switzerland and neighbouring France took part at the reception.

The event was opened by the Ambassador of Tajikistan, J. Khamidov who addressed the ceremony with a welcoming speech. In his speech, the Ambassador mentioned the achievements of the country within 26 years of independence under the wise leadership of the Founder of the peace and national unity-the Leader of the Nation, the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon, on the path of creation and development as evidenced by the unity and real independence of the country.

During the reception a documentary film about independent Tajikistan, its unique nature and wealth, as well as the exhibition of national arts and crafts, Tajik music and cuisine were presented. It should be noted that the cultural and political event was held at the high level.