Participation at Annual Meeting of Joinnt Advisory Group

10 июли соли 2017 дар Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) 51-ум ҷаласаи Гурӯҳи муштараки машваратӣ оид ба Маркази байналмилалии савдо (ITC) бо иштироки Директори генералии СУС муҳтарам Роберто Азеведо, Секретари генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд муҳтарам Мукиса Китуи, Вазирони иқтисоди як қатор кишварҳо ва Директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо хонум Аранча Гонсалес баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласаи мазкур Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, муҳтарам Ҷамшед Ҳомидов бо рӯнамо оиди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии савдо баромад намуда ва инчунин, ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда якчанд пешниҳодро барои ҳамкорӣ пешкаш намуданд. Аз ҷумла:

- оғоз намудани лоиҳаи «Роҳёбии маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозорҳо тавассути баланд бардоштани низоми бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»;

- таҳкими рушди устувор ва гуногунсозии содироти корхонаҳои хурду миёна дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

- баланд бардоштани муҳити тиҷорат ва татбиқи Созишномаи СУС оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани кӯмаки техникии минбаъда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи соддагардонии расмиёти савдо ва сиёсати савдо;

- мусоидат дар самти идоракунӣ / Сайёҳӣ дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ;

- мусоидат намудан ба содирот ва арзиши ҳамгироии занҷираи маҳсулотҳои меросӣ.

Дар анҷоми суханронӣ Намояндаи доимӣ омодагии худро барои баррасӣ ва ҳамкории муштарак бо мақсади дарёфти манбаҳои маблағгузорӣ барои иҷрои пешниҳодҳои зикргардида баён намуданд.

 

On July 10, 2017 51st Session of the Joint Advisory Group on the International Trade Center (ITC) was held at the Secretariat of the World Trade Organization (WTO) with the participation of the WTO Director General Mr. Roberto Azevedo, UNCTAD Secretary-General Mr. Mukhisa Kituyi, Ministries of economy of the several countries and the Executive Director of the International Trade Centre Ms. Arancha Gonzalez.
In the course of this session the Permanent Representative of the Republic of Tajikistan to the United Nations Office and other international organizations at Geneva, Mr. Jamshed Khamidov made a statement on mutual cooperation between the Republic of Tajikistan and the International Trade Center.  Several proposals for further cooperation was mad, as follows:
- Implementation of the project “Enabling market access for Tajik agricultural products through improved food safety system”;

- Strengthening the sustainable expansion and diversification of SME exports in the agro-processing sector;

- Enhancing the trade environment and implementation of the WTO Trade Facilitation Agreement in Tajikistan, providing further technical assistance to Tajikistan in the area of trade facilitation and trade policy;

-  Assistance in Destination Management / Tourism both at regional and national levels;

- Promote the export and value chain integration of heritage products, thereby contributing to income and employment generation, cultural preservation, and intercultural exchange.
In conclusion the Permanent Representative pointed that we are ready to discuss new areas and details and jointly search funding sources.