Иштироки Намояндаи доимӣ дар Форуми кишварҳое, ки осебпазир ба тағйирёбии иқлиманд

18 октябри 2016 Намояндаи доимӣ дар Форуми кишварҳое, ки осебпазир ба тағйирёбии иқлиманд иштирок намуд. Дар рафти Форум Намояндаи доимӣ оид ба иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон  ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва, алалхусус, дар мавриди истифодаи оқилонаи захира хои обӣ, маъруза намуд. Дар маъруза, ҳамчунин, масъалаи хушкшавии Баҳри Арал ва таъсири ногувори он ба пиряҳҳои куҳҳои Осиёи Марказӣ инъиқоси худро ёфт.

 

Дар фарҷоми маъруза ба саволҳои иштирокчиён оид ба ташаббусҳои кишвари мо марбут ба "Даҳсолаи об" ва ҳамкориҳо дар ин соҳа маълумоти муфассал дода шуд.