Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 октябри соли ҷорӣ дар бинои Дафтари СММ дар шаҳри Женева ифтитоҳи расмии намоишгоҳи миниатюрҳои рассоми шинохтаи Тоҷикистон Олим Камалов, инчунин намоишгоҳи суратҳои табиати нотакрори кишвари мо баргузор гардид.

Намоишгоҳи мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагӣ ташкил шудааст.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Дафтари СММ, намояндагони сатҳи баланди ташкилотҳои байналмилалӣ воқеи шаҳри Женева ва корпуси дипломатии кишвари иқомат ҳузур доштанд.

Намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии Намояндаии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева оғоз гардида, дар он оид ба дастовардҳои кишвар дар даври истиқлолият ва сайъю кушишҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъкид карда шуд.

Зимни намоишгоҳ инчунин зиёфати расмӣ бо пешниҳоди таомҳои миллии кишвар пешкаши меҳмонон гардидааст.